Ҳабдаҳ кушта: ҳамла ба дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон-акс

© МВД Республики ТаджикистанКадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе
Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон аз ҳамлаи гуруҳи 20-нафарӣ ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод” дар марз бо Узбакистон хабар доданд, ки ба иттилои манбаъ, дар натиҷа 15 ҳамлавар безарар гардонда шуда, як марзбону як милиса ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шаби 6 ноябри соли 2019 соати 03:23 дақиқа гурӯҳи мусалаҳи номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и "Ишқобод"-и қисми ҳарбии отряди "Султонобод" ҳуҷум карданд. Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишони (АКМ)-ро тасарруф намуданд. 

Абу Бакр Аль-Багдади, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ДОИШ хабари кушта шудани Абубакр Бағдодиро тасдиқ кард

Манбаъ афзуд, дар натиҷаи дунболагирӣ ва амалӣ намудани амалиёт 15 нафар аъзои ҷинояткори мусаллаҳ безарар гардонида шуда, 4 автомашинаи онҳо нобуд карда шуд. Боқимонда 4 нафар аъзои гурӯҳ ба ҷониби деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ фирор намуданд, ки дастгир шудаанд.

ВУД таъкид кард, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои муташаккилона 1 нафар хизматчии Қушунҳои сарҳадӣ ва 1 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расид.

ВУД инчунин акси мошинҳо ва ҷасадҳои сӯхтаро нашр кардаст, ки дар он ҷасади як зан низ ба чашм мерасад. 

© акс аз сомонаи ВУД ТоҷикистонҲамла ба дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон
Ҳабдаҳ кушта: ҳамла ба дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон-акс - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамла ба дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон

Қаблан мақомоти марзбонии Тоҷикистон хабар доданд, ки шаби 06-уми ноябри соли 2019, соати 03:23 дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар шахсони номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и "Ишқобод"-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии "Султонобод" ҳуҷум карданд.

Машины милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эълони ҳолати омодабош дар Тоҷикистон баъди ҳамлаи хунин дар Рӯзи Конститутсия

Манбаъ афзуд, зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишон (АКМ)-ро тасарруф намуданд. Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда ва 5 нафари онҳо боздошт гардиданд. Дар ин муноқиша 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуданд.

Шашуми ноябр - Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон

Мақомот таъкид намуданд, ки айни замон дар ҷойи ҳодиса, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0