Бо супориши Раҳмон таҷдиди роҳи мошингарди маркази ноҳияи Ванҷ ба анҷом расид

© Sputnik / Игорь Агеенко / Гузариш ба медиабонкРеконструкция трассы, архивное фото
Реконструкция трассы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳоло аз 13 миллион сомонӣ, ки барои таъмир ва таҷдиди роҳи мошингузари маркази ноҳияи Ванҷ ихтисос дода шуда буд, ба маблағи 536 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати таъмир ва таҷдид намудани роҳи мошингузари маркази ноҳияи Ванҷ иҷро карда шуд, хабар медиҳад агентии "Ховар"бо такя ба маълумоти Азимҷон Шамсиддинов муовини аввали раиси ноҳия.

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мусобиқаи футболбозони наврас дар шаҳри Гулистон  - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Раҳмон ба масъулин барои ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русию англисӣ

Бар хабари манбаъ, барои таъмини роҳи мошингарди маркази ноҳияи Ванҷ, аз буҷаи давлат 13 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд.

Ҳамза Саидов таъмири хатарноктарин роҳ дар Ҳисорро ба уҳда гирифт

Ҳамакнун, таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди кӯчаи марказии ноҳияи Ванҷ пурра ба анҷом расидаст. Шамсиддинов изҳор намудаст, ки солҳои пеш роҳи марказӣ хароб, тангу торик ва пур аз лой буд.

"Ҳоло роҳҳои мошингард ва пиёдарав мумфаршу васеъ ва равшан шудаанд". - афзудаст муовини аввали раиси ноҳия.

Ёдовар мешавем, ки роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ахири худ дар ин ноҳия ба сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ дастур дода буд, ки ободкорию созандагиро идома дода, роҳҳои мошингарду пиёдагарди деҳоти атрофи маркази ноҳияро васеъ ва мумфарш намоянд.

Лентаи хабарҳо
0