Вакили Думаи давлатӣ: "Доиш"-иҳо метавонанд тариқи Тоҷикистон ба Русия оянд

© Sputnik / Амир ИсаевПограничники на таджикско-афганской границе
Пограничники на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Антон Марозов, вакили Думаи давлатии Русия, мегӯяд, созмони террористии “ДОИШ” дар Афғонистон бояд ҳарчи зудтар нобуд карда шавад. Ӯ ҳушдор додаст, ки дар акси ҳол ҷангиёни он метавонанд тариқи Тоҷикистони вориди Русия гарданд

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Масъуд Анадаробӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури дохилии Афғонистон, ахиран изҳор дошт, ки нерӯҳои созмони террористии “ДОИШ” дар ин кишвар тақрибан пурра нобуд карда шудаанду гуруҳҳои хурди боқимонда ба мақомот таслим шуда истодаанд.

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон
Нашри видеои савгандёдкунӣ: “ДОИШ” гуфт, инҳо муҳоҷимон ба марзи Тоҷикистонанд

Марозов, узви Кумитаи умури байналмилалии Думаи давлатӣ, дар шарҳи ин иддаои вазири афғон изҳор дошт, ки агар гуруҳҳои алоҳида нобуд карда шудаанд, фикр намекунад, ки “ДОИШ”-ро пурра дар Афғонистон шикаст додаанд.

“Вазъ дар Афғонистон хеле мураккаб аст. Агар бар гуруҳҳои алоҳида пирӯз шуда бошанд, фикр намекунам, ки комилан “ДОИШ”-ро дар Афғонистон нобуд кардаанд. Зеро мақомоти маҳаллии Афғонистон ҳанӯз дар умури мубориза бо терроризм заифанд”, - изҳор дошт Марозов.  

Вакили Думаи давлатии Русия таъкид намудаст, ки нерӯҳои “ДОИШ” бояд дар қаламрави худи Афғонистон зудтар шикаст дода шаванд, чун дар акси ҳол метавонанд тариқи Тоҷикистон ба Русия роҳ ёбанд.

Ӯ изҳори умед кардааст, ки иддаои вазири умури дохилии Афғонистон дар бораи пирӯзӣ бар нерӯҳои “ДОИШ” воқеӣ мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0