Абдулқодирзода дар Дубай аз диндории тоҷикистониён гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевМуфтий Таджикистана Сайдмукаррам Абдулкодирзода
Муфтий Таджикистана Сайдмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳошияи иштирок дар 24-умин Конфронси Маҷмааи фиқҳи исломии байналмилалӣ дар шаҳри Дубай бо Ожонсии давлатии иттилоотии Аморот мусоҳиба анҷом додаст

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Шӯрои уламо, дар рафти мусоҳиба Саидмукаррам Абдуқодирзода бо дархости рӯзноманигори араб дар бораи  вазъи дину диндорӣ дар Тоҷикистон суҳбат карда, ҷой доштани маҳдудиятҳоро дар ин бахш рад кардааст.

Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати исломшиноси №1: коҳиши динзадагӣ, имомҳои тасодуфӣ ва фаҳмондан ба ҷои манъкунӣ

Абдулқодирзода аз қонунҳо “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр кардааст, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби Ҳукумат бо ҳадафи ба низоми муайян даровардани ҳаёти динии шаҳрвандон пешбинӣ карда шудаанд.

Абдулқодирзода таъкид намудааст, ки вазъи умумии динӣ ва сатҳи диндории сокинони Тоҷикистон мураттаби устувор мебошад.

“Беш аз 90 фисади сокинони кишвар пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, боқӣ ба мазҳаби исмоилия ва қисмати хурде аз аҳолии ғайри тоҷик ба динҳои дигар тааллуқ доранд. Миёни намояндагони мазоҳиби ислом ва дигар динҳо аслан хушунату зиддият вуҷуд надорад”, - изҳор доштаст раиси Шӯрои уламо.

Встреча Министра иностранных дел с Послом по особым поручениям США по вопросам свободы религии - Sputnik Тоҷикистон
Озодии дин дар Тоҷикистон дар баррасии Муҳриддин ва Браунбек

Ӯ афзудааст, дар конфронс ва ҳамоишҳое, ки дар дохили Тоҷикистон баргузор мегарданд, намояндагони ҳамаи динҳо даъват шуда, барои таъмини сулҳу субот ва пешгирӣ аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ ва тундгароӣ ҷидду ҷаҳд карда истодаанд.

Абдулқодирзода иттилои нашршуда дар расонаҳо ва интернет дар бораи маҳдудиятҳои диниро “ғаразнок ва фитнаангез, бидуни далелҳои муътамад” хондаст.

Раиси Шӯрои уламо таъкид намудаст, ки дар саросари Тоҷикистон масҷидҳои ҷомеи марказӣ, масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ба таври доимӣ амал менамоянд ва  шаҳрвандон метавонанд тоату ибодат ва дигар эҳтиёҷоти динии худро дар онҳо озодона ба анҷом расонанд.

Лентаи хабарҳо
0