Озодии дин дар Тоҷикистон дар баррасии Муҳриддин ва Браунбек

© МИД РТВстреча Министра иностранных дел с Послом по особым поручениям США по вопросам свободы религии
Встреча Министра иностранных дел с Послом по особым поручениям США по вопросам свободы религии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин масъаларо вазири корҳои хориҷӣ  Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири супоришҳои махсуси ИМА роҷеъ ба масъалаҳои озодии дин Самуел Браунбек баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Рӯзи 22 сентябри 2019 дар Ню-Йорк дар ҳошияи ҷаласаи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ  Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири супоришҳои махсуси ИМА роҷеъ ба масъалаҳои озодии дин Самуел Браунбек барпо гардид.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Возвращение таджикских паломников из хаджа - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин қонуншиканиро миёни ҳоҷиён зиёд гуфту 6 далел овард

"Дар мулоқот ҷонибҳо дар мавриди масъалаҳои вобаста ба озодии дин, инчунин ҳамкорӣ миёни мақомоти ду кишвар дар самти мазкур мубодилаи афкор намуданд", - омадааст дар хабарнома.

Иштибоҳ кардем: вокуниши сафорати Амрико ва пӯзиши Кумитаи дин

Пештар Амрико Тоҷикистонро дар нақзи озодиҳои динӣ муттаҳам карда буд.

Амрико Тоҷикистонро мувофиқи қонун "Дар бораи озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ" аз соли 1998, ҳамчун кишвари ташвишовар эътироф кард.

Тоҷикистон ташкили ҳизбҳои диниро қонунан мамнуъ кард

Ҳамчунин Амрико чанд кишвари дигар, аз ҷумла Чин, Эрон, Куриёи Шимолӣ, Арабистони Саудиро ба рӯйхати сиёҳи кишварҳои поймолкунандаи озодии динӣ дохил карда, Русияро ба “рӯйхати махсуси назоратӣ” ворид кардааст.

Лентаи хабарҳо
0