Афзоиши тавлиди барқ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Игорь Михалев / Гузариш ба медиабонкНурекская ГЭС
Нурекская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати энержӣ ва захоири Тоҷикистон аз афзоиши 1 ҳазору 900 мегавватии тавлидии барқ дар ин кишвар дар 25 соли ахир хабар дод

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Хабаргузории “Parstoday” дар истинод ба сомонаи вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, хабар додааст, ки дар ин муддат нерӯгоҳҳои барқӣ обии Сангтудаи  1 ва 2 бо мушорикати молӣ ва фаннии Русия Эрон, маркази гармоишӣ ва тавлиди барқи шаҳри Душанбе ва ду турбинаи нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун ба баҳрабардорӣ расидаанд ,ки сабаби афзоиши 1 ҳазору 900 мегавватии тавлиди барқ дар ин кишвар шудааст.

Здание Барки Точик. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон 645,3 милюн кВт-с афзоиш ёфтааст

Дар ин миён нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун бо садди хокии 335 метрӣ бузургтарин тарҳи энержӣ дар минтақа аст,ки дар сурати баҳрабардории комил аз ин нерӯгоҳ заминаи тавлиди 13 миллиард килловват соат барқ дар Тоҷикистон фароҳам мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои сохти ин нерӯгоҳ 24 миллард сомонӣ ( муодили 2 ним миллиард доллар ) ҳазина кардааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 9 тарҳи тавлиди энержӣ бо ҳазинаи беш аз 6 миллиард сомонӣ дар дасти иҷро аст, аз суи дигар дар ин кишвар чандин тарҳи бозсозии нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ бо қидмати беш аз 50 сол дар ҳоли иҷрост.

Лентаи хабарҳо
0