ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" гузориш дода, ки дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 7 милёрду 736 милюн кВт-с нерӯи барқ тавлид шуда, ки нисбат ба ҳамин давра аз соли гузашта 645,3 милюн кВт-с афзоишро нишон медиҳад.
Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, дар ин бора раёсати ширкати "Барқи тоҷик" гузориш додааст. Манбаъ афзуда, ки дар ин муддат нерӯгоҳҳои обӣ 7 милёрду 301 милюн кВт-с, нерӯгоҳҳои ҳароратӣ 431,8 милюн кВт-с ва нерӯгоҳҳои хурд 3,9 милюн кВт-с нерӯи барқ тавлид кардаанд.
Дар паи роҳандозии дувумин бахши нерӯгоҳи ҳароратии "Душанбе-2" бо тавоноии 300 мегаватт, ин нерӯгоҳ дар шаш моҳ 431,8 милюн кВт-с нерӯи барқ тавлид карда, ки нисбат ба ҳамин давра аз соли гузашта 288,3 милюн кВт-с афзоишро намоиш медиҳад.
Дар ин шаш моҳ ҳамчунин 143 ҳазору 900 Гкал барқи ҳароратӣ тавлид шуда, ки нисбат ба ҳамин давра дар соли гузашта 74 ҳазору 400 Гкал афзун аст.