Имрӯз, 8 ноябри соли 2019 дар маркази шаҳри Бишкек се таркиш рух дод. Тибқи иттилоъ нуқтаи ғизои тезтайор таркидааст.
Нуқтаи ғизоҳои тезтайори "Антошка" дар буриши хиёбонҳои Эркиндик ва Киевский дар гирифт.
Бино ба гузориши Sputnik Қирғизистон дар паи таркиш як зан ҷон бохта 12 тани дигар, ки миёни онҳо кӯдакон низ будаанд, маҷрӯҳ шуданд.
Се кӯдак бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон интиқол дода шуда пас аз ташхиси пизишкон ба табобати амбулаторӣ фиристода шуданд.
Нӯҳ захмии дигар дар бемористон бистарӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ки феълан сӯхтори нуқтаи ғизои тезтайор хомӯш карда шудааст.
Дар ҷои ҳодиса кормандони мақомоти қудратӣ кор мебаранд.