Видоъ бо сарбозу капитани кушташудаи дигари тоҷик: мақомот ҳанӯз хомӯшанд

© МВД Республики ТаджикистанКадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе
Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маросими ҷанозаи капитан Диловар Толибов, дар шаҳри Конибодом ва сарбоз Ҳофизҷон Ҳусайнов, дар шаҳри Панҷакент, ки дар пайи ҳаводиси 6 ноябр дар дидбонгоҳи “Ишқобод” ҷон бохтаанд, бо ҳузури фармондеҳони низомӣ ва роҳбарони ҳукумати Суғд баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Асрор Ғуфронзода, муовини раиси шаҳри Конибодом дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, маросими видоъ бо капитан Диловар Толибов, ҷонишини фармондеҳи дидбонгоҳи наздисарҳадии “Султонобод”, пеш аз зуҳри 7 ноябр бо иштироки масъулини марзбонӣ, Зафарбек Давлатзода, раиси шаҳри Конибодом ва Рустам Каримзода, муовини раиси вилояти Суғд, баргузор шуд.

Аҳмад Фаҳим Қарлуқ, вулусволи Қалъаи Золи вилояти Кундуз  - Sputnik Тоҷикистон
"Убури доишиён ба Тоҷикистон": вулусвол гуфт, феълан далеле нест, таҳқиқ идома дорад

 “Диловар Толибов, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар шарафмандона ҷонашро нисор кард, дар қабристони “Қазоқон” и шаҳри Конибодом ба хок супорида шуд”, - гуфт Ғуфронзода.

Капитан Диловар Толибов 29 сол дошта, сар аз соли 2014, баъди хатми омӯзишгоҳи ҳарбӣ дар Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намудааст. Ӯ оиладор ва соҳиби як фарзанд буд.

Амонқул Ҳамроев, раиси ҷамоати Форёби шаҳри Панҷакент иттилоъ дод, ки маросими ҷанозаи қурбонии дигари ҳамла дар “Ишқобод”, Ҳофизҷон Ҳусайнов, сарбози дидбонгоҳи сарҳадии “Султонобод”,  Хол Ҳайдар, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва Ислом Зиёзода, раиси шаҳри Панҷакент иштирок карда ва ба волидонаш изҳори ҳамдардӣ баён намудаанд.

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе. - Sputnik Тоҷикистон
Ду зан куштаю 3 боздошт шуданд: "ДОИШ аз занҳои истаравшанӣ маргталаб омода кардааст"

Қаблан аз ҳалокати марзбон Иззатуллоҳи Абубакр, писари мулло Абубакр аз маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ва Баҳром Шоҳзода, нозири минтақавии деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ дар пайи ҳамла ба дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон хабар дода шуда буд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар доданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.

Мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар аввал теъдоди кушташудагон миёни афсарону сарбозони кишварро ду нафар арзёбӣ карданд. Баъдан манобеи дигар аз ҳалокати 5 нафар хабар доданд. Аз сарбози ҳалокшудаи панум  Ғаниҷони Давлат ном бурда шуд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон феълан расман ин хабарҳоро тасдиқ ё рад накардаанд.

Лентаи хабарҳо
0