ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар Фаронса оғоз ёфт.
Бино бар иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи “Орли”-и Фаронса Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Фаронса истиқбол гирифтанд.
“Барои пазироии меҳмони олиқадр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон горди фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар барафрохта шуд”,- таъкид намудааст манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 5 ноябр барои анҷоми сафари расмӣ ба Конфедератсияи Швейтсария карда буд.
Баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду давлат дар мулоқоту музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Швейтсария сурат гирифт.