Эмомалӣ Раҳмон бо Томас Йордан масоили иқтисодиро баррасӣ кард: дар Швейтсария

© Sputnik / Амир ИсаевВстреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона и председателя ГД РФ Вячеслава Володина
Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона и председателя ГД РФ Вячеслава Володина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки ниҳодҳои молиявӣ ва сармоягузории Швейтсария имкон доранд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ ва энергетикии Тоҷикистон, фаъолона иштирок намоянд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария, Президент Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан мулоқот кард.

Ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия баррасӣ гардидааст.

Встреча Эмомали Рахмона с Айваном Глазенбергом - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Швейтсария масъалаи "ТАЛКО" ва коркарди тиллою нуқраро баррасӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон Конфедератсияи Швейтсарияро ба ҳайси яке аз шарикони муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ карда, аз сатҳу мӯҳтавои ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия изҳори қаноатмандӣ намудааст.

"Ҷонибҳо ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкории бонкию молиявии ду кишвар, такмили низоми бонкӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, кӯмакҳои техникӣ ва машваратӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва бозомӯзии кормандонро дар доираи ниҳодҳои молиявии Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария (СЕКО) муҳокима карданд", - омадааст дар хабарнома.

Вобаста ба таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ баҳри мусоидат кардан ба рушди иқтисод, зарур шумурда шудааст.

Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки ниҳодҳои молиявӣ ва сармоягузории Швейтсария имкон доранд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ ва энергетикии Тоҷикистон, таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, босамар намудани фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, корхонаҳои коркарди пахта, пашм, пилла, сабзавоту меваҷот, фаъолона иштирок намоянд.

Манбаъ афзуда, ки дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0