Сохтмони иншооти нав ба ҷои кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав то охири сол анҷом меёбад

© vk.com / kishlak80Кинотеатр "Таджикистан" в Москве
Кинотеатр Таджикистан в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир, дар ҷои кинотеатри “Тоҷикистон” бинои Маркази фарҳангӣ пурра сохта шудааст. Дар дохили иншоот корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизот идома дошта, дар берун ва атрофи он корҳои ободонӣ ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. То охири соли равон дар маҳалаи Строгинои шаҳри Маскав дар ҷои бинои кинотеатри “Тоҷикистон” Маркази фарҳангии замонавӣ ифтитоҳ хоҳад шуд, иттилоъ додааст Департаменти сохтмони шаҳрдории Маскав.     

“Маркази фарҳангиву фароғатӣ то охири соли равон дар маҳалаи Строгино дар кӯчаи Маршали Кутуков ба истифода супорида мешавад. Дар ҳоли ҳозир корҳои сохтмонӣ дар дохилӣ бино ва насби таҷҳизоту асбоби бисоти хона идома дорад. Инчунин ҳоло ободонии гирду атрофи иншоот низ бо маром ҷараён дорад”, - гуфтааст манбаъ.

Ҷои кинотеатри “Тоҷикистон” дар ин ҷо бинои ду ошёнаӣ бенёд мегардад. Беруни ин иншоотро ба кинотеатри пешина монанд хоҳанд кард.

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар Маркази фарҳангии замонавӣ, ки дар ҷои кинотеатри Тоҷикистон сохта шудаааст,  барои сокинони маҳала хизматрасониҳои зиёде дар бахши фароғатӣ пешниҳод хоҳад шуд.

© Официальный сайт мэра МосквыПроект досугового центра на месте кинотеатра "Таджикистан" в Москве
Сохтмони иншооти нав ба ҷои кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав то охири сол анҷом меёбад - Sputnik Тоҷикистон
Проект досугового центра на месте кинотеатра "Таджикистан" в Москве

Кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав муҳлати на он қадар тулонӣ мавҷуд буд. Дар соли 1982 бунёд шуда, соли 2015 хезонида шуда буд. Аммо дар муҳлати қариб 33 сол ин бино яке аз ҷойҳои тамошобоби асосӣ гардида буд.

Кинотеатри якуми “Тоҷикистон” дар шаҳри Маскав дар маҳали Марина Роша, кӯчаи Шереметевская хонаи 8 ҷойгир шуда буд. Сипас он ба Кинотеатр дар кӯчаи маршал Катуков, хонаи 8 ҷойгир шуда буд.

Новобаста аз он, ки кинотеатри нави "Тоҷикистон" на он қадар хусусиятҳои шарқиёна дошт, табъи меҳмонони аз ҷумҳурӣ ба Маскав омадаро болида мегардонид.

Вход в кинотеатр Таджикистан в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав чӣ гуна аз байн бурда шуд?

Мутаассифона аз соли 1990 инҷониб, кинотеатри "Тоҷикистон"барҳам дода шуда, дар ҷойи он ширкати тиҷории хурде маскун гирифтанд. Деворҳои шишапӯши он ҷои рекламагузории тоҷирон гардид. Навиштаҷоти “Тоҷикистон” дар даромадгоҳи ин бино дар шомгоҳон аз чароғон шудан  боз монд.

Бино зиёд хароб шуда буд, ба ин хотир дар соли 2014 ба қароре омаданд, ки биноро аз байн бурда дар ҷояш бинои нав сохта, дар охири соли 2019 маркази фарҳангию фароғатии “Страгино”-ро ифтитоҳ намоянд.

Дар бино нав толори консертӣ 510 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0