ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Хабари кушта шудани роҳбари ДОИШ Абубакр Баӯдодиро, намояндагони ин гурӯҳи террористӣ низ тасдиқ намуданд.
Бар хабари сомонаи марбут ба ҷангиёни Давлати Исломӣ Amaq Бағдоди аснои як амалиёти низомии ҳавои ва заминии Амрико дар қаламрави Сурия кушта шуд.
Ба нақл аз гузориши ин хабаргузорӣ, маҳалли будубоши роҳбари ДОИШ- ро яке аз атрофиёни ӯ ифшо намудаст ва неруҳои Амрикоӣ маконе, ки дар он ҷо Бағдоди пинҳон буд, ҳадафи ҳамла қарор доданд.
Трамп тафсилоти марги Бағдодиро гуфт: чун саг гирён мурд, на чун қаҳрамон
Зимнан, Вазорати дифои Амрико рӯзи чаҳоршанбе аксу видеоҳои амалиётро расонаӣ кард. Дар наворҳо дида мешавад, низомиён ба маҷмаае наздик мешаванд, ки Бағдодӣ ба он паноҳ бурдааст ва ҳавопаймоҳои ҳарбии ИМА ҷиҳодиёнеро, ки дар наздикии маҷмаа ҳастанд, ҳадаф қарор медиҳанд.
Абубакр Бағдодӣ соли 2004 аз сӯи низомиёни амрикоӣ боздошт гардида буд ва пас аз раҳо шудан ӯ ба таври пинҳонӣ ба сафи ин гурӯҳи ҷудоихоҳ шомил шуд ва сипас раҳбари ДОИШ эълон гардид.
Ал-Бағдодиро боз куштанд? Суол ва шарҳи Қодиров дар бораи марги роҳбари “ДОИШ”
Бояд қайд намуд, ки ба кушта шудан раҳбари ДОИШ раисҷумҳури Сурия Башор Асад боварӣ надорад ва мегӯяд, ки то ҳол ягон далели қатли Бағдодиро пешниҳод накардаст ва раҳбарияти Димишқ ин хабарро аз расонаҳо шунидаанд.
"Мо ба ҳеҷ ваҷҳ бо ИМА дар бораи нобуд сохтани Ал-Бағдодӣ алоқа накардаем. Чизе, ки муҳимтар аз ин аст, мо намедонем, ки оё ин воқеиъят дорад ё на", - изҳор дошт Асад дар мусоҳиба бо шабакаҳои расмии Сурия.