Меғ, барф ва борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© SputnikСнегопад в Душанбе, архивное фото
Снегопад в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид боқӣ монда, борон  меборад. Дар  баландиҳои зиёда аз 1200 метр барф меборад ва ҳаво барои корҳои саҳроӣ, нигоҳубин ва чаронидани чорво номусоид буда, омадани сел аз эҳтимол дур нест

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои 5-6 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ меғ (туман) мефарояд. 

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда,  борон ва барф  ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7    ва рӯзона 6+11 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 7-12 дараҷа  хунук ва рӯзона 1+6  дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Город Душанбе сверху - Sputnik Тоҷикистон
Борону раъду барқ: обуҳавошиносон дар Рӯзи забон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ доранд

Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф  дар назар аст. Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва   рӯзона    1+6  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона  дар баъзе ноҳияҳо борон шиддат гирифта, дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр барф меборад.  Туман  мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9  ва рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона  2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо борон шиддат гирифта, дар баландиҳои зиёда аз 1500 метр барф меборад. Туман  мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 6+11  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад.   Туман  мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 4+6 ва  рӯзона  8+10  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0