ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар пойтахти кишвар тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 9+11 дараҷа ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат мебораду раъду барқ ба амал меояд. Ожонсӣ таъкид намудааст, ки шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр эҳтимоли боридани барф вуҷуд дорад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Қарори нави Рустами Эмомалӣ дар бораи таҷлили Рӯзи забон дар Душанбе
Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва дар шарқи вилоят шабона барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 дараҷа, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бе боришоти назаррас мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал омада, шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш, шуда, шабона ва саҳар боришоти назаррас дар назар нест. Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.