Шикояти раҳбари чинии ҶДММ “Роҳсоз” аз дуздӣ ва боздошти ду марди тоҷик

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду марди ҷавон ба ҷурми ғоратгарӣ хабар медиҳад. Онҳо аз ҶДММ “Роҳсоз” сӯзишворӣ дуздидаанд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ҳолати дуздӣ шаби 3-юм ба 4-уми ноябри соли 2019 ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки ба ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Чин, марди 61-сола, мувақатан сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ҳамин ноҳия, роҳбари ҶДММ “Роҳсоз” ворид гардидаст.

Милисаҳои тоҷик “Дузди боинсоф”-ро тамошо карданд

Ба нақли ӯ, шаби 3-юм ба 4-уми ноябри соли 2019, шахсони номаълум аз корхонаи мазкур 500 литр маводи сузишвории дизелӣ, ки арзишаш 4000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Турсунзода ва марди 28-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуданд.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Намоишномаи Дузди боинсоф дар театри ба номи Лоҳутӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Милисаҳои тоҷик “Дузди боинсоф”-ро тамошо карданд

Боздошти боз як дузди мошин дар пойтахти кишвар

Пештар, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду ноболиғи 12-сола, ки дар дуздии хонаи марди 40-сола айбдор мешаванд хабар дода буд.

Ахиран ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 40-сола муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромаданд ва аз он ҷо 26 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Кормандони милитсияи пойтахт зимни ҷустуҷӯ ду ноболиғи 12-солаи сокинони кӯчаи К.Раҳимови ноҳияи Исмоили Сомониро бо гумони дуздӣ дастгир карданд.

Лентаи хабарҳо
0