Милисаҳои тоҷик “Дузди боинсоф”-ро тамошо карданд

© акс аз сомонаи ВКД ТоҷикистонНамоишномаи "Дузди боинсоф" дар театри ба номи Лоҳутӣ
Намоишномаи Дузди боинсоф дар театри ба номи Лоҳутӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурини милисаи Тоҷикистон дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ намоишномаи “Дузди боинсоф”-ро тамошо карданд

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, намоишномаи мазкур аз рӯйи асари нависандаи машҳур Дарио Фо дар жанри мазҳакавӣ ба саҳна гузошта шуд.

Место строительства Национального театра РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе сохтмони Театри миллӣ аз сар гирифта шуд

Манбаъ афзуд, ки намоишнома масъалаҳои иҷтимоӣ, мушкилоти рӯз ба монанди хиёнат ба оила майнушию риёкорӣ дуздӣ ва дигар кирдори ношоистаро дар бар мегирифт.

“Муҳтавои асосии намоишнома аз он иборат буд, ки дузде ба хонаи марди сарватманде медарояд. Ҳангоми кофтукоб намудан, соҳибхона бар мегардад дузд аз ноилоҷи худро дар зери миз пинҳон менамояд, ки дар натиҷа шоҳиди воқеаҳои гуногун мешавад ва ӯ мефаҳмад, ки марди хона ба ҳамсараш хиёнат карда истодааст”, - тавзеҳ дод ВУД.

Дар гуориши ВУД таъкид шудааст, ки зимни намоишнома ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ бо як маҳорати баланд нақшҳоро офариданд.

“Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз чунин як намоишномаи ҷолиби дидани ба худ илҳоми тоза гирифтанд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Лентаи хабарҳо
0