Духтарони Хатлонро барои кор дар "мақомҳои баланд" омода мекунанд

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонДевушки аплодируют президенту Таджикистана
Девушки аплодируют президенту Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беш аз 140 духтарони лаёқатманди вилояти Хатлон барои фаъолият дар мақомҳои баланд омода карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти вилояти Хатлон даври навбатии курси омӯзишии "Духтарони сарвар" бо ширкати донишҷӯдухтарони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят оғоз гардидааст.

Дар ин бора сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Стенд с надписью Я люблю Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Мактаби сарварӣ” дар Хуҷанд теъдоди раисаҳоро зиёд кард

Гуфта мешавад, ки омӯзиши мазкур дар доираи татбиқи "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022" ва "Нақшаи перспективии ҷавонгардонии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2016-2020" гузаронида мешавад.

Омӯзишҳо мувофиқи нақша ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа гузаронида шуда, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии Данғара доир мегарданд.

Манбаъ афзуда, ки ба ин курсҳои омӯзишӣ беш аз 140 нафар донишҷӯдухтарони лаёқатманд ҷалб шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0