“Мактаби сарварӣ” дар Хуҷанд теъдоди раисаҳоро зиёд кард

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешСтенд с надписью Я люблю Худжанд, архивное фото
Стенд с надписью Я люблю Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдории Хуҷанд иттилоъ дод, ки соли 2018 теъдоди занони роҳбар дар шаҳр 60 нафар афзуда, аз 1200 нафар гузашт

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд теъдоди занони роҳбар дар шаҳр беш аз 1200 нафар мебошад.

Производство цемента. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тавлиди “рекордӣ”-и семент дар Суғд

“Аз ин дар Маҷлиси вакилони шаҳр 8 нафар ё 22,5 фоиз, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 26 нафар ё 23,0 фоиз фаъолият доранд”, - афзуд манбаъ.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, ду соли охир барои  омода намудани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда, курси семоҳаи “Мактаби сарварӣ” фаъол шудааст, ки хатмкунандагони он соҳиби “Гувоҳинома” мешаванд.  Соли гузашта 20 нафар соҳиби чунин “Гувоҳнома”  шудаанд.

Шаҳрдорӣ илова кард, ки ин иқдом бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 амалӣ карда мешавад.

Манбаъ афзуд, ки феълан аз нисф зиёди аҳолии шаҳри Хуҷандро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки беш аз 21 ҳазору дусад нафари онҳо қувваи қобили меҳнат буда, дар соҳаҳои гуногун саҳм мегузоранд.

Лентаи хабарҳо
0