Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи халқии Тоҷикистон 81-сола шуд

Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба хонаи Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи халқии Тоҷикистон рафт то ӯро бо зорӯзаш табрик намояд

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Имрӯз, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба манзили истиқоматии Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод рафт то ӯро шахсан ба муносибати зодрӯзаш табрик намояд.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Раҷаббой Аҳмадзода Фарзона Хуҷандиро бо зодрӯзаш табрик кард - Sputnik Тоҷикистон
Раҷаббой Аҳмадзода шахсан Фарзонаи Хуҷандиро бо зодрӯзаш табрик кард

Бино бар иттилои манбаъ, раиси вилоят нависандаи маъруфи тоҷикро ба муносибати 81 солагиаш табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки фаъолияти пурмаҳсули адиб барои наслҳои имрӯзаву оянда намунаи ибрат ва мояи ифтихор аст.

Бояд таъкид кард, ки Муҳиддин Хоҷазод соли 1938 таваллуд шудааст ва хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад.

Гулчини ҳикоя ва қиссаву романҳои нависанда дар маҷмӯаҳои “Ба ҷойи узр” (1965), “Вместо извинения” (1967), “Нони ҳалол” (1970), “Нишони муҳаббат” (1974), “Об – рӯшноӣ” (1976), “Вода к добру снится” (Маскав, 1981), “Нанг ва номус” (1982), “Вода – свет” (Киев, 1983), “Роҳи Роғун дигар аст” (1984), “Что было, то было” (1985), “Кӯҳ бе варта нест” (1987, 2003) нашр гардидааст.

Муҳиддин Хоҷазод инчунин муаллифи драмаҳои “Об – рӯшноӣ” (1985), “Бандаи нафс” (1986), “Офат” (1987), “Самаки Айёр” (1988), “Фалакро ҳар назар аз роҳи кин аст” (1989), “Саодати васл” (1995), “Садди Сайҳун” (1997) ва  “Романи сегона” (2008), романҳои “Ҳастӣ ибрат аст” (2011) ва “Аз нишебӣ то фарозиҳо” (2014) ва ғайраҳо мебошад.

Лентаи хабарҳо
0