ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба манзили Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи ордени “Шараф” ва муаллифи даҳҳо маҷмуаи шеърӣ Фарзонаи Хуҷандӣ рафта, ӯро ба муносибати зодрӯзаш табрик кард.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, раиси вилоят зимни суҳбат аз хизматҳои шоёни Фарзона дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуда, таъкид кард, ки зиндагӣ ва кору пайкори шахсиятҳои камназире ба монанди Фарзона худ гувоҳи он аст, ки адабиёти пурғановати тоҷик дар ҳама давру замон меросбарони худро дорад.
“Раиси вилоят бо изҳори беҳтарин таманниёт ба шоири маъруф саломатии бардавому хонаи обод ва дар ҷодаи эҷод комёбиҳои нав орзу кард”, -зикр намудааст манбаъ.
Фарзона Хуҷандӣ (Иноят Хоҷаева) 3 ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, маълумоти миёнаву олиро дар зодгоҳаш фаро гирифтааст.
Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар васоити ахбори ҷумҳурӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустини ашъораш “Тулӯи хандарез” аст, ки сол 1987 бо сарсухани Лоиқ Шералӣ нашр гардида буд.
Шоири номвари тоҷик то имрӯз китобҳои “Шабохуни барқ” (1989), “Ояти ишқ” (1994), “То бекаронаҳо” (1998), “Меъроҷи шабнам” (2000), “Қатрае аз Мӯлиён” (дар 3 ҷилд; Хуҷанд, 2003), “Як ғунча роз” (Хуҷанд, 2005), “Сӯзи нотамом” (Хуҷанд, Теҳрон, 2005), “Мӯҳри гули мино” (Хуҷанд, 2007), “Гузидаи ашъор” (Белорус, 2009), “Сад барги ғазал” (Хуҷанд, 2008), “Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ” (Англия, 2008), “Парниёни ҷон” (Душанбе, 2011), “Себарга” (Хуҷанд, 2011), “Набзи борон” (Теҳрон, 2013), “Ҳама гул, ҳама тарона” (Хуҷанд, 2014), “Дарёи сӯзон” (2014) ва ғайраҳоро ба нашр расонидааст, ки хонандаагони сершумори худро доранд.