ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Имрӯз дар ҷашни Русия Ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд. Ин ин 29-уми декабри соли 2004 ба рӯйхати ҷашнҳори расмии Русия ворид гардид.Ҷашн бо иқдоми Шурои динии Русия аз 4-уми ноябри соли 2005-ум инҷониб таҷлил мешавад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Русия ба хотири рӯйдодҳои соли 1612 созмон дода шудааст, ки он замон фронти халқӣ бо сарварии Кузма Минан ва Дмитрий Пожарский шаҳри Москавро аз интервентҳои Полша озод карда буданд.
Дар ин рӯз дар шаҳрҳои гуногуни Русия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниву маросимҳо баргузор мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро 25-уми июн таҷлил мекунанд.
Дар ин рӯзи соли 1996- баъди 8 даври гуфушуниди (с.1994-1997) байни тоҷикон (байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин), дар шаҳри Маскав, аз ҷониби раисҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гардид.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эиёда аз 100 ҳазор одамон қурбон шуда тахминан 1 млн гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ зарари моддӣ дидаанд. Зарари иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
Ба имзо расидани "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.