ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Азиз Одиназода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ аз давраи шӯравӣ боқӣ мондааст ва зарурати иваз намудани онҳо, бо сабаби корношоям гардиданашон, ба миён омадааст.
Одиназода дар парлумон гуфт, ду намуди нақлиёт дар назар аст, ки ба Тоҷикистон ироа шаванд.
“Намуди якуми нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ муқаррарӣ буда, 72 ададро ташкил медиҳад. Нархи тақрибии он, ки аз тарафи мушовирони Ширкати “Бинко Интернешнл” – и Ҷопон ҳисобида шудааст, ба 54000 доллари ИМА барои як адад баробар мебошад”, - навиштааст нашрияи парлумони “Садои мардум” аз қавли Одиназода.
Ӯ афзудааст, ки намуди дуюми нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, 18 ададро ташкил медиҳад ва нисбатан калонҳаҷм буда, ин намуди нақлиёт асосан барои минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст. Нархномаи тақрибии он барои як адад 78760 доллари ИМА — ро ташкил медиҳад, изҳор доштааст муовини вазири тандурустӣ.
Паёми хайрбодии Файзов ба сафири Ҷопон дар Тоҷикистон
Нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, ҳамчунин, бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида хоҳанд шуд, ки маблағи таҷҳизоти мазкур 1 миллиону 70 ҳазору долларро ташкил медиҳад.
Маблағи умуми лоиҳаи хариду интиқоли 90 адад мошини ёрии таъҷилӣ ба Тоҷикистон, 771 миллион иени ҷопонӣ, наздики 7 миллион доллари ИМА арзёбӣ шуд.