ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ҳамаи муҳоҷироне, ки дар Бритониё дар дохили яхдони автомобили боркаш ҷон бохтанд, на шаҳрвандони Чин балки шаҳрвандони Ветнам будаанд. Дар ин бора Euronews бо такя ба мақомоти пулиси кишвар хабар медиҳад.
Паёми вопасини яке аз 39 муҳоҷире, ки дар яхдони мошини боркаш маҳкам шуда, ҷон бохтанд
Ёдовар мешавем, ки пулиси Эссекс дар ҳудуди шаҳри Грейс дар дохили автомобили боркаш 39 ҷасад дарёфт кард.
Зимнан бо гузашти як рӯз, шабакаи телевизионии ITV гузориш дод, ки ҳамаи қурбониён шаҳрвандони Чин мебошанд.
Ба гузориши шабакаи телевизионӣ, миёни ҳалокшудагон як ноболиғ низ будааст.
Гуфта мешавад 39 муҳоҷири чиниро ронанда дар дохили яхдон, ки ҳарорати он ҷо аз 25 дараҷа ҳам поён буд, маҳкам намудаст ва онҳо бар асари хунукхурӣ ҷони худро аз даст доданд.
"Мақомоти қудратии Бритониё барои идомаи таҳқиқ аз ифшои ҳувияти ашхоси ҳалокшударо худдорӣ кардаанд", - омадааст дар хабарнома.
Дар ҳоли ҳозир ду тан ба гумони даст доштан дар марги муҳоҷирон боздошт шуда, се гумонбари дигар ба далели тарк накардани шаҳр то миёнаҳои моҳи ноябр озод шудаанд.