Паёми вопасини яке аз 39 муҳоҷире, ки дар яхдони мошини боркаш маҳкам шуда, ҷон бохтанд

© Sputnik Twitter, архивное фото
Twitter, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Чин аз ифшои шахсияти 39 муҳоҷири ҳалокшуда дар бордони мошини борбар худдорӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Як масъули Вазорати умури хориҷии Чин Хуа Чунин ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст, ки то замони дақиқ кардани ҳодисаи нохуш, ки  бо муҳоҷирони чинӣ рух дода буд, шахсияти онҳоро ифшо нахоҳанд кард.

"Ҳодисаи нохуше, ки бо шаҳрвандони мо дар Бритониё рух дод, моро бисёр нороҳат кард. Феълан пулиси ин кишвар ба таҳқиқи аниқи ин қазия пардохтаст ва то дастрас кардани маълумотӣ ниҳоӣ, шахсияти қурбониёнро нашр нахоҳем кард", - изҳор намудаст Хуа Чунин.

Дипломати чинӣ мегӯяд, ки аз ҳукумати Бритониё дархост карда шуд, ки пас аз анҷоми таҳқиқи ин қазия, фавран ба Вазорати умури хориҷии Чин маълумот пешкаш кунанд.

Сгоревший автобус, в котором погибли 52 человека из Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон
Соҳиби автобусе, ки дар он 52 узбакистонӣ сӯхта буд, рӯ ба гурез ниҳодааст

Ёдовар мешавем, ки рӯзи чаҳоршанбе, пулиси Эссекса аз дарёфт намудани 39 ҷасад аз бордони автомобили боркаш дар ҳудуди шаҳри Грейс хабар дод.

Зимнан бо гузашти як рӯз, шабакаи телевизионии ITV гузориш дод, ки ҳамаи қурбониён шаҳрвандони Чин мебошанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионӣ, миёни ҳалокшудагон як ноболиғ низ қарор доштаст.

Гуфта мешавад 39 муҳоҷири чиниро ронанда дар дохили яхдон, ки ҳарорати он ҷо аз 25 дараҷа ҳам поён буд,  маҳкам намудаст ва онҳо бар асари хунукхурӣ ҷони худро аз даст доданд.

Модар дар дигар ҳуҷра хоб буд: шарҳи намояндагӣ аз марги ду кӯдаки тоҷик дар Бошқирдистон

Зимнан хабаргузории BBC иттилоъ медиҳад, ки шахсияти чанд нафар аз ҳалокшудагон аллакай маълум гардидаст ва хешовандони онҳо бо ин хабаргузорӣ тамос гирифта, номаҳои вопасини онҳоро пешниҳод кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории BBC яке аз қурбониён сокини 26 - солаи Ветнам Тхи Тра Мая мбошад, ва эҳтимол чанд лаҳза қабл аз ҷон доданаш, ба пайвандони худ паёмак фиристодаст.

Дар номаи вопасини худ ӯ ба волидонаш менависад, ки бисёр дӯсташон дорад ва пузиш мепурсад, ки ҳиҷрати ӯ ба анҷом мерасад,чун нафасгир шуда истодааст ва мефавтад.

​Наздиконаш ба хабаргузорӣ изҳор намуданд, ки охирин паёмаки ӯро соати 22:30 дақиқаи рузи сешанбе дастрас карданд.

Феълан ронандаи 25 солаи мошини боркаш Мо Робинсон боздошт шудаст, ки ӯ шаҳрванди Ирландияи Шимолӣ аст. Дар робита ба ин қазияи пулиси Бритониё аз боздошти ду нафари дигар низ хабар дод.

Лентаи хабарҳо
0