Беҳтарин ошпаз, ошхӯр, шоликор ва сабзирезакуни Хатлон муайян шуданд-акс

Обуна шудан
Мақомоти Хатлон аз намоиши шолӣ, биринҷ ва ҷашнвораи "Оши палав" дар шаҳри Бохтар гузориш доданд, ки феълан ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, хоҷагиҳои шолипарварии ҳамаи 25 шаҳру ноҳияи вилоят намунаҳои маҳсулоти худро ба намоиш гузошта, ошпазҳои беҳтарин ҳунари палавпазиашонро нишон доданд.

Праздник плова в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Мақоми аввали ошпазҳои ноҳияи Фирдавсӣ дар озмуни "Таомҳои миллӣ" дар Душанбе

Манбаъ афзуд, ки дар ҷашнвора Қурбон Ҳакимзода ба ҳунари ошпазҳо баҳои баланд дода, Кумитаи тадорукот соҳибони ҷойҳои ифтихориро муайян кард.

Ба иттилои ҳукумати Хатлон, барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сазовори ҷойи якум дониста шуд. Ба намояндаи ноҳия Дипломи дараҷаи 1 ва яхдон тақдим гардид. Ҳамин тавр, дар ин бахш ҳайати ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Дӯстӣ бо Дипломҳои дараҷаи 2, 3 ва мошинаи ҷомашӯиву тафдон қадрдонӣ гардиданд.

Ғолибони фестивал-озмуни "Оши палав" ноҳияи Данғара, шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ёвон дониста шуда, аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо Дипломи дараҷаи 1,2,3 ва мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.

Праздничное мероприятие в посольстве Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Нӯши ҷон: дар вилояти Суғд ҷашнвораи "Оши палав" баргузор мешавад

Дар номинатсияи "Шоликори беҳтарин" Парвиз Ашуров - роҳбари хоҷагии деҳқонии "Бахтиёр" аз ноҳияи Хуросон ғолиб дониста шуд. Дар мақомҳои дувуму сеюми ин озмун Искандар Маҳмадиев - роҳбари хоҷагии деҳқонии "Самар" аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Раҳмон Азимов - роҳбари хоҷагии деҳқонии "Шамшод-05" аз ноҳияи Фархор қарор гирифтанд.

Ба ҳамаи ҷоизадорон Сипосномаи раиси вилоят ва мукофотҳои молӣ эҳдо гардиданд.

Барои кишти навъи шолии беҳтарин ва гирифтани ҳосилнокии баланд Умед Худойбердиев - роҳбари хоҷагии деҳқонии "Умед" аз ноҳияи Дӯстӣ бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва 800 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.

Министр культуры Таджикистан Орумбекзода Шамсиддин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазир дар бораи ошталош дар фестивали палав: обрӯи миллати тоҷикро резониданд

Дар озмуни "Ошпази беҳтарин" Субҳон Саидов аз ноҳияи Қубодиён, Алӣ Муъминов аз ноҳияи Носири Хусрав ва Қурбон Гурезов аз ноҳияи Панҷ ғолиб дониста шуданд.

Барои 6 нафар ғолибони озмунҳои "Ошхӯри беҳтарин" ва "Сабзирезакуни беҳтарин" низ Сипосномаҳои раиси вилоят ва мукофотҳои молӣ дода шуд.

Пас аз маросими қадрдонии ғолибону фаъолони чорабинии имрӯза барномаи консертии ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилоят ва шаҳри Кӯлоб тақдими иштирокчиён гардид.

Лентаи хабарҳо
0