Мақоми аввали ошпазҳои ноҳияи Фирдавсӣ дар озмуни "Таомҳои миллӣ" дар Душанбе

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПраздник плова в Душанбе
Праздник плова в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе чандин навъи ғизоҳои миллии тоҷикон омода шуду дар бораи хусусиятҳои муфиди онҳо нақл карданд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти шаҳри Душанбе дар пойтахт даври шаҳрии ҷашнвораи "Таомҳои миллӣ" доир гардид.

Бино ба гузориши шаҳрдорӣ, дар он ғолибони даври аввали озмуни 4 ноҳияи шаҳр дар сатҳи маҳалла, шаҳрак ва ноҳия иштирок намуда, беҳтарин анвои ғизо ва таомҳои миллиро пешкаши иштирокчиён ва тамошобинон намуданд.

Ҷашнвораи атлас дар вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чакан, чавгон ва атлас: меросҳои фарҳангии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО мераванд

Ҳамин тавр, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Фирдавсӣ ҷойи аввалро сазовор шуду ҷойи дуюм насиби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино гардид.

Мақоми сеюмро  намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳиб шуданд.

Ҳамчунин роҳбарияти тарабхонаи "Яккачинор" ва  дигар мақомот барои иштироки фаъолона дар Ҷашнвора бо "Сипоснома"-ҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

Мукофотҳоро ба ғолибон аз ҷониби муовинони раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва Умед Гуреззода тақдим намуданд.

Миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бои фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии худ мақоми шоиста касб намудааст.

Таомҳои миллии тоҷикон таърихи куҳан дошта,   дар тӯли ҳазорсолаҳо  дар масири қарнҳо ташаккул ёфтаанд. Анъанаи ошпазӣ ё  ғизопазии миллатамон бо зарфиятҳои хоси худ, бахусус  аз лиҳози усули омода намудан, истифодаи навъҳои гуногуни  маҳсулот  дар ҷаҳон беназиранд.

Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Оши палав ва рақс: Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе - акс

Бино ба гузориши шаҳрдорӣ, ҳадафи асосии баргузории озмуни таомҳои миллӣ аз эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини таомпазии ниёкон, тарғиби эҳтиром ба ғизо ва ҳунари таомпазӣ, намоиши пухтани навъҳои гуногуни таоми минтақаҳои кишвар, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни таоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани таомҳои гуногуни миллӣ, ҳар чӣ бештар эҳё, тарғибу ташвиқ кардани намудҳои таом мебошад.

Аз оши палав то мурғбирён

Хӯрокҳои миллии тоҷикон бо гуногунии худ, ки навъҳои мухталиф –хамирӣ, гӯштӣ, ширӣ, сабзавотӣ ва ғайраро дар бар мегиранд, аз ҳамдигар тафовут доранд.

Ин аст, ки фарҳанги таомҳои миллиамон, ҷузъе аз анъанаи фарҳанги  меҳмоннавозии тоҷикон мебошад.

Санъати  омодасозии таомҳои миллӣ дар сарзамини Тоҷикистон ба шароити табиии мамлакатамон-мавқеи ҷуғрофӣ, кӯҳистон, иқлими субтропикӣ, континенталӣ ва континентиалии дохилӣ рабт дошта, ин омил боиси  паҳншавии навъҳои гуногуни таомҳо дар минтақаҳои мухталифи  ҷумҳурӣ гардидааст. 

Оши палов, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, ордбирён, тухмшӯрбо, пиёзпиёба, лӯбишӯрбо, дӯлмашӯрбо, баракшӯрбо, моҳишӯрбо, мошубиринҷ, мастоба, мастобаи қиммадор, угро, манту, тушбера, қурутоб, суманак, самбӯса, гӯштбирён, кабоб, мурғбирён, тухмбирён ва бисёр дигар номгӯи таомҳои миллии тоҷиконро метавон номбар намуд, ки пухтупази онҳо ҳамчун ҳунарҳои суннатии аҷдодӣ то ба имрӯз ба мерос мондаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи "Оши палав"-и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардид.

Лентаи хабарҳо
0