Аз Маскав то Душанбе беш аз 3000 ҳазор километр роҳ аст. Наздик ба 5 соат парвоз бо ҳавопаймо ё 4 рӯзи роҳ тариқи қатор. Новобаста аз ин, Тоҷикистон сайёҳони зиёдеро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба худ ҷалб мекард.
Ба ин кишвар замони Шӯравӣ ҳамчунин шахсони машҳуру бонуфуз низ меомаданд. Аз Тоҷикистон на танҳо шахсони машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ, балки шахсони бонуфузи дигар кишварҳои ҷаҳон низ дидан мекарданд.
Шахси бонуфузро тақрибан ҳамаи Тоҷикистон пешвоз мегирифт. Сокинони Тоҷикистон меҳмононро чунон гарму самимӣ пешвоз мегирифтанд, ки чунин тарзи пешвоз дар ягон кишвари дигари дунё дида намешавад.
Роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар кишварҳои дӯст, роҳбарони ҳайатҳо ва ташкилотҳо, олимони бонуфуз, ҳунармандону сарояндаҳои машҳур ва ҳатто кайҳоннавардон ба ин ҷумуҳурӣ сафар мекарданд, то бо чашмонги худ бубинанд, ки чигуна мардум дар ин ҷумҳурии кӯчаки Шӯравӣ зиндагӣ мекунад.
Яке аз сафарҳои хотирмон ин сафари ҳунармандону сарояндаҳои машҳур аст, ки соли 1967 сурат гирифт. Ҳунармандону зимни сайругашт дар кӯчаҳои Душанбе аз русуми меҳмоннавозии тоҷикон аз наздик ошно шуданд. Ҳар як сокини Душанбе мехост онҳоро дар хонаи худ меҳмоннавозӣ кунад.
Меҳмонон аз Тоҷикистон ёддоштҳои хубе доштанд. Шоҳи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ, нахуствазири Ҳиндустон Ҷаваҳарлал Нерӯ, роҳбари Кетнами соқиалистӣ Хо Ши Мин, нахуствазири Чин Ҷоу Эн-Лай, маликаи Эрон Фараҳ Паҳлавӣ ва садҳо шахсони машҳури дунё аз Тоҷикистон диданд карданд.
Мо дар гузориши акси як қисме аз шахсони бонуфузе, ки аз Тоҷикистон замони Шӯравӣ диданд карданд ҷамъоварӣ кардем.
Хурушев аз Тоҷикистон ду маротиба адр солҳои 1954 ва 1962 дидан карда буд. Дар сафари дувумаш ба Тоҷикистон кишоварзони кишвар ба ӯ аспи Хатлонӣ тақдим карда буданд.
Хурушев аз Тоҷикистон ду маротиба адр солҳои 1954 ва 1962 дидан карда буд. Дар сафари дувумаш ба Тоҷикистон кишоварзони кишвар ба ӯ аспи Хатлонӣ тақдим карда буданд.
Брежнев низ ба Тоҷикистон ду маротиба сафар карда буд. Вай ба ҷумҳурӣ солҳои 1970 ва 1974 сафар омада буд. Ӯ ба Тоҷикистон ба хотири шиносои бо рафти сохтмони НБО Норак сафар карда буд.
Брежнев низ ба Тоҷикистон ду маротиба сафар карда буд. Вай ба ҷумҳурӣ солҳои 1970 ва 1974 сафар омада буд. Ӯ ба Тоҷикистон ба хотири шиносои бо рафти сохтмони НБО Норак сафар карда буд.