Путин аз нақши созандаи Эрон дар Сурия таъкид кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия эълом кард, ин кишвар дар канори Эрон ва Туркия талошҳои густурдаеро барои ташкили кумитаи Қонуни асосии Сурия ба кор гирифт

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни таъкиди дубора бар нақши муҳимми Эрон, Туркия ва Маскав дар фароянди ҳалли буҳрон дар Сурия гуфт, фаъолияти кумитаи Қонуни асосии Сурия ба поён ёфтани буҳрон дар ин кишвар кумак кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Встреча президента РФ В. Путина с президентом Ирана Х. Рухани и президентом Турции Р. Эрдоганом - Sputnik Тоҷикистон
Путин нақши сарони кишварҳои Эрон ва Туркия дар ҳалли буҳрони Сурияро сутуд

Путин дар конфронси матбуотии муштарак дар Будапешт бо Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон ибрози умедворӣ кард, ки кумитаи Қонуни асосии Сурия битавонад дар нишаст худ дар Женева ислоҳотеро дар қонуни асосии ин кишвар, бидуни мудохилаи хориҷӣ, эҷод кунад.

Раисҷумҳури Русия, ҳамчунин гуфт, дар Женева нахустин нишасти кумитаи қонуни асосии Сурия баргузор шудааст, ки дар чорчуби он тарафҳои ҳозир метавонанд ба сурати мустақим бидуни мудохилаи хориҷӣ ба ислоҳи Қонуни асосии Сурия ва бинои ҳукумати ин кишвар ва тавсеаи пойдори он бипардозанд.

Ёдрас мешавем, ки нахустин нишасти кумитаи Қонуни асосии Сурия рӯзи чаҳоршанбе бо ширкати ҳамаи 150 узви ин кумита шомили намояндагони давлат, мухолифон ва ҷомеаи мадании Сурия дар мақари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0