ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Димишқ дар масъалаи қатли Абубакр Ал-Бағдодӣ, роҳбари ДОИШ (мамнуъшуда дар Тоҷикистон) бо ИМА алоқа накардаст, гуфт кишвардори Сурия Башор Асад.
Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки ба воқеъият будани қатли раҳбари ДОИШ бовар надорад.
"Мо ба ҳеҷ ваҷҳ бо ИМА дар бораи нобуд сохтани Ал-Бағдодӣ алоқа накардаем. Чизе, ки муҳимтар аз ин аст, мо намедонем, ки оё ин воқеиъят дорад ё на", - изҳор дошт Асад дар мусоҳиба бо шабакаҳои расмии Сурия.
Ӯ қайд кард, ки ИМА то ҳол ягон далели қатли раҳбари ДОИШ-ро пешниҳод накардааст ва раҳбарияти Димишқ ин хабарҳо аз расонаҳо шунидааст.
Дар баробари ин кишвардори Сурия гуфт, ки марги Ал-Бағдодӣ ба вазъияти умумӣ таъсире нахоҳад кард, то замоне, ки идеологияи террористӣ зинда аст.
Ёдрас мешавем, ки президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 27 октябр дар бораи нобуд кардани Ал-Бағдодӣ хабар дод. Трамп гуфт, ҷараёни амалиётро назорат кард, Бағдодӣ чун як саг, гирёну нолон мурд, чун тарсу, на чун қаҳрамон.
Ӯ афзуд, ки дар пайи даргирии дусоатӣ Бағдодӣ ҳамроҳи фарзандонаш вориди нақб шуд. Илова шуд, ки Бағдодӣ ҳангоми фирор аз низомиён гирёну нолон камарбанди маргталабро тарконд, ки дар натиҷа ҳамроҳи ӯ ду зану се кӯдак низ ба ҳалокат расиданд.
Трамп тафсилоти марги Бағдодиро гуфт: чун саг гирён мурд, на чун қаҳрамон
Баъдтар намояндаи расмии Вазорати дифоъи Русия Игор Конашенков эълон кард, ки Амрико бояд исбот намояд, ки роҳбари гурӯҳи террористон ба қатл расонида шуд.
Русия аз Амрико хост қатли Абӯбакар ал-Бағдодӣ, роҳбари ДОИШ-ро исбот намояд
Дар паи ин талаботи Русия, Вазорати дифоъи Амрико аввалин навору аксҳои нобудсозии Абӯбакр ал-Бағдодӣ, роҳбари гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар қаламрави Русия)-ро ифшо кард.
Пентагон навори амалиёт бар зидди Бағдодиро ифшо кард - навор
Намояндаи Вазорати дифои Амрико генерал Кенет Маккензӣ тавзеҳ дод, ки маҳз дар бинои дар навор буда, роҳбари террористон зиндагӣ мекард ва ин хона воқеъ дар қаламрави вилояти Идлиб будааст.