Ришашро кӯтоҳ ва ранг кард: Ал-Бағдодӣ роҳи гурез ба Ироқро меҷӯяд

© AP / Militant video, FileАбу Бакр Аль-Багдади. Архивное фото.
Абу Бакр Аль-Багдади. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари гурӯҳи террористии ДОИШ бештар ба такси ё худравҳои оддӣ менишинад ва дар ҳудуди такягоҳи ахирони ДОИШ - Бағузи Сурия қарор надорад, мегӯяд манбаъ

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Роҳбари гурӯҳи террористии "Давтали исомӣ" (ДОИШ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) Абӯбакр Ал-Бағдодӣ намуди зоҳириашро тағйир дода, чанд кӯшиши нокоми гурез ба Ироқро кардааст, хабар медиҳанд расонаҳои Сурия дар истинод ба як манбаъ дар мақомоти амниятӣ.

Рӯзи панҷшанбе расонаҳои курдӣ хабар додаанд, ки отряди арабиву курдии "Қувваҳои демократии Сурия" ахирон минтақаеро дар Суруя, ки дар ихтиёри  ДОИШ буд - деҳаи Бағузро озод кардаанд. Аммо дертар худи отряд ин хабарро такзиб кард.

Намояндаи эътилофи байналмилалӣ дар шимоли Сурия хабар додааст, ки муҳориба дар ин минтақа идома дорад.

"Ал-Бағдодӣ дар Бағуз нест, аммо пеш аз амалиёти "Қувваҳои демократии Сурия" чанд маротиба ба шаҳр омада буд", - гуфтааст манбаъ.

Дар Перм шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми даъват ба ДОИШ дастгир кардаанд

"Бино бар иттилои мақомоти амниятии Ироқ, ӯ дар дигар ноҳияи Сурия қарор дорад ва чанд бор кӯшиши гурез аз Сурияро кардааст", - афзудааст вай.

Ба гуфтаи манбаъ, Ал-Бағдодӣ ба худрав ё такси менишинад, аз автоколонна даст кашидааст ва посбононаш дигар либоси доишӣ напӯшида, либоси афғонӣ ба бар мекунанд.

Афзун бар ин, Бағдодӣ ришашро кӯтоҳ ва зард кардааст.

Пештар хабари кушта шудани Бағдодӣ борҳо расонаӣ мегашт, аммо боре тасдиқи худро наёфта буд.

Лентаи хабарҳо
0