ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар дафтари раисҷумҳури Украина изҳор намуданд, ки Зеленский аз чӣ хаста шудаст. Ба иттилои роҳбари дафтари кишвардори Украина Андрей Багдан, Зеленский аз танқиду иддаои манфӣ нисбати худ ва фаъолияти корияш хаста шудаст.
"Ӯ хаста шудаст, хаста аз фикрҳои манфие, ки дар нисбати ӯ изҳор медоранд. Чун тавассути ВАО бисёр андеша ва иддаои манфиро нисбати ӯ нашр мекунад ва Зеленский ҳамаи инро сахт қабул мекунад ва бисёр озурда мешавад", - афзудааст Багдан.
Раҳбари дафтари раисҷумҳури Украина мегӯяд, пайваста ба Зеленский тавсия медиҳад, ки шарҳҳоро аз шабакаи иҷтимои facbook нисбати худ, нахонад.
Ӯ гуфтааст, Зеленский бисёр саъй ва кӯшиш мекунад, вохӯриҳои бисёри байналмилалиро баргузор мекунад, ки ҳамаи ин серкорӣ ӯро хаста мекунад.
"Ӯ аллакай ба як одами бисёр машҳури ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Вай мекӯшад, то сармоягузорони зиёдро ҷалб кунад, сиёсатшиносон ва одамони мӯътабарро ба Украина даъват намуда имиҷи кишварро боло бардорад. Лекин ин чиз бисёр мушкил аст ва қувваи зиёдро талаб мекунад", - илова намуд Багдан.
Қобили зикр аст, ки Зеленский аз моҳи майи соли равон ба маснади раисҷумҳурии Украина интихоб шуд.
Собиқ шоумин ва ҳунарманд, дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки 21 - уми апрели соли равон баргузор гардида буд, пирӯз шуд.
Дар натиҷаи овоздиҳӣ Зеленский дастгирии бештар аз 70 фисади аҳолиро соҳиб шуд, ки ин натиҷаи бесобиқа дар таърихи Украина буд.