https://sputnik.tj/20191031/abdulmanap-guft-habib-bo-anjom-dodani-du-se-muhoriba-tark-oktagon-mekunad-1030136504.html
Абдулманап гуфт, Ҳабиб бо анҷом додани ду-се муҳорибаи дигар тарки октагон мекунад - навор
Абдулманап гуфт, Ҳабиб бо анҷом додани ду-се муҳорибаи дигар тарки октагон мекунад - навор
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, дар ояндаи наздик қаҳрамонии феълии ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммедов тарки касбият кунад 31.10.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-10-31T11:34+0500
2019-10-31T11:34+0500
2019-10-31T11:34+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102991/21/1029912102_0:229:3072:1967_1920x0_80_0_0_2970387ed0e64619a81a56c0c4b07e46.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102991/21/1029912102_0:118:3072:2048_1920x0_80_0_0_bf92968fc0100b1f9e8f7d0d7fe4c674.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, навигариҳои варзиши тоҷикистон, ҳабиб нурмуҳаммадов, касб
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, навигариҳои варзиши тоҷикистон, ҳабиб нурмуҳаммадов, касб
Абдулманап гуфт, Ҳабиб бо анҷом додани ду-се муҳорибаи дигар тарки октагон мекунад - навор
Интизор меравад, дар ояндаи наздик қаҳрамонии феълии ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммедов тарки касбият кунад
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Рамзикори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммедов бо анҷом додани ду ё се муҳорибаи дигар тарки октагон мекунад, мегӯяд падар ва мураббии ӯ Абдулманап Нурмуҳаммедов ба YouTube-канал Fight Nights Global.
Ба изҳори падари Ҳабиб, ӯ танҳо барои ду ё се маротибаи дигар ба октагон мебарояду халос.
Зимнан Абдулманап қайд намудаст, ки феълан рақиби аз ҳама мувофиқу арзанда барои Ҳабиб ин Тони Фергюсон мебошад. Муҳорибаи ин ду варзишгари бақувват, бузургтарин рақобат дар таърихи UFC хоҳад буд.
Гузашта аз ин, Абдулманап дар мавриди эҳтимоли баргузор шудани муҳорибаи Ҳабиб бо Конор Макгрегор гуфт, ки рақобат танҳо дар мавриде имкон доир шудан дорад, агар рақибони Ҳабиб аз иштирок дар набард даст кашанд.
"Конор феълан ба бозӣ, шухию масхарабозӣ машғул аст, танҳо сафсата мегӯяду халос. Агар қаблан ӯ имкони шикаст додани рақиби худро дошт, ҳозир аз ин имконият бархурдор нест", - мегӯяд падари Ҳабиб.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳабиб феълан 31 сол дорад ва баҳори соли гузашта камарбанди қаҳрамони ҷаҳон дар муҳорибаи сабукро сазовор шуд ва барои ду маротиба тавонист онро ҳифз намояд.
Ҷавоби падари Нурмуҳаммадов ба Макгрегор дар бораи тарсончакии Ҳабиб
Дар муҳорибаи аввал варзишгари ирландӣ Конор Макгрегорро шикаст дод ва ҳамчунин аз размикори амрикоӣ Дастин Пуаре низ дастболо шуд.
Ҳабиб алъон 28 муҳориба анҷом додаст ва боре ҳам шикаст нахурдаст.