ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Абдулманап Нурмуҳаммедов падари Ҳабиб Нурмуҳаммедов қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук аз фаъолияти расонаҳо ва телевизиони Русия шадидан интиқод намудаст, хабар медиҳад сомонаи KNEWS
Падари Нурмуҳаммадов макони баргузории рақобати навбатии Ҳабибро гуфт
Падари Ҳабиб бар ин назар аст, ки ВАО - и Русия бо даъват намудани размикори ирландӣ Конор Макрегор ва баргузор кардани нишасти хабарӣ бо иштироки ӯ, пуштибониӣ худро нисбати Конор нишон доданд.
Ӯ мегӯяд, чун Конор дар ҷараёни нишасти хабарӣ ,Ҳабибро таҳқир ва аз ӯ ва кулли мардуми Доғистон тарсу ном бурд.
"Агар мабодо ягон аҷнабӣ дилхоҳ шаҳрванди Русияро таҳқир кунад, ман ҳатман ба ҷонибдорӣ аз ӯ садо баланд мекардам, вале ВАО - и Русия ин корро накард. Дар ҳоле, ки замони шӯравӣ мо низ дар баробари онҳо хоки ин кишварро аз душманон пок мекардем", - бо алам изҳор намудаст Абдулманап.
Зимнан, Конор Макгрегор аз писанд омадани Русия барои ӯ ҳарф зада, афзуд, ки ҳатман дар Маскав замин харида хона месозад ва ин ҷо ба тамрини минбаъда шурӯъ мекунад.
Иллова бар ин, Конор қаҳрамони ҷаҳонро ба он муттаҳам кард, ки ӯ боре ҳам бо байрақи Русия баромад накардаст. Танҳо бо кулоҳи милли мардуми Доғистон вориди октагон мешавад, изҳор намудааст Конор.
Аммо Ҳабиб дар ҷавоб ба иддаои Конор онро беасос хонад ва гуфт, ки пайваста бо байрақи Русия баромад мекунад.
Макгрегор ба Русия мекӯчад?: ӯ гуфт тамринро дар Маскав идома медиҳад
Ёдовар мешавем, Конор Макгрегор размикори ирландие, ки аз ҷониби Ҳабиб Нурмуҳаммедов шикаст хӯрд, давоми чанд рӯз озими Маскав шуд ва дар нишасти хабарӣ низ иштирок кард.
Дар баробари ин дар барномаи "Вечерний Ургант" низ иштирок намуда, дар ҳаққии Ҳабиб ҳаргуна суханҳои ноҷо гуфт ва изҳор намуд, ки Ҳабиб тарсончак аст вагар на ӯ омодаи боз як муҳориба дигар бо Ҳабиб мебошад.