ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар маҷлис гузориши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021 — 2022 шунида шудааст.
Таъкид шудааст, ки ҷалби қарзҳои беруна тибқи афзалиятҳои муайянгардида ба роҳ монда шуда, харҷи самараноки ин маблағҳо таъмин гардад.
Дар бораи таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои соли 2021 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2022-2023 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шудааст.
Нақшаи генералии шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳраки Шаҳритуз — маркази ноҳияи Шаҳритуз
Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Шаҳритуз — маркази ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон раисони ноҳияҳо Зариф Назирӣ ва Ғаффор Ҷабборӣ гузориш доданд.
Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ҳисобот додааст.
Гузориши Рамазон Раҳимзода
Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» ва Дар бораи «Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт» гузориши Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода шунида шудааст.
Дар кори маҷлис аъзои Ҳукумат лоиҳаҳои як зумра қонунҳо ва пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудаанд.
Дар охир баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастурҳои мушаххас додааст.
Сарвари давлат таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба масъалаи дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистон, омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими сармо, захираи маводи хӯрокӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷалб кардааст.