ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки қисми даромади умумии буҷаи давлатӣ барои соли 2020 дар ҳаҷми 26,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур хароҷоти буҷа 26,4 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод.
“Касри буҷаи соли 2020 ба андозаи 0,4 фоизи дурнамои ММД, ё ба маблағи 349,5 миллион сомонӣ муқаррар карда шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Бар асоси лоиҳаи қонуни буҷа барои соли 2020, ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар афзалият дода шуда, соли оянда дар ин соҳаҳо масраф намудани 11,7 миллиард сомонӣ баробар ба 44,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳаҷми умумии даромади буҷаи давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,6 миллиард сомонӣ ва дар соли 2022-юм 31 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ҳаҷми умумии хароҷоти он бошад, мутаносибан ба маблағи 29,1 миллиард ва 31,5 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Тағйирот дар қонуни буҷа барои таъмини арзонии гӯшт дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро барои амалӣ намудани чорабиниҳое, ки дар буҷети соли 2020 пешбинӣ шудааст, вазифадор карданд.