Дар Теҳрон нишасти Созмони ҳамкории иқтисодӣ таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор шуд

© Sputnik / Антон Быстров / Гузариш ба медиабонкБашня Азади в Тегеране
Башня Азади в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нишасти намояндагони доими Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ба мизбонии Эрон ва таҳти раёсати Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар нишасти намояндагони доими Созмони ҳамкории иқтисодӣ масоили марбут ба омодагӣ барои баргузории бистучорумин ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар санаи 8 то 9 ноябри соли равон дар Анталияи Туркия баррасӣ шуд, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Альпинисты во время восхождения - Sputnik Тоҷикистон
Раводид осону парвозҳо бештар: маслиҳати дабири ЭКО барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Бино бар иттилои манбаъ, Шӯрои намояндагони доимии Созмони Эко ин ҷаласа дастури кори нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷа, пешнависи баёнияи Анталия ва дигар санадҳои иҷлоси ояндаро баррасӣ ва тасмимоти марбутро дар мавриди онҳо гирифт.

Бо таваҷуҳ ба поёни давраи раёсати  Тоҷикистон дар Шӯрои намояндагони доимӣ ва Шӯрои вазирони умури хориҷаи Эко Ҳодӣ Сулаймонпур дабири кули ин Созмон дар суханрони дар мавриди бардоштҳои амиқи худ аз дидор бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 21 августи соли ҷорӣ ва ҳамчунин ширкат дар   иҷлоси вазирони гардишгарии Эко дар Тоҷикистон дар санаи 3- 4 октиябр суҳбат кард.

Мудирони китобхонаҳои миллии кишварҳои ЭКО дар Душанбе ҳамоиш мекунанд

Сулаймонпур дар бахши дигаре аз Тоҷикистон ва раисҷумҳури ин кишвар барои саҳми чашмгире дар тарвиҷи фаъолияти Созмони Эко ва тақвияти ҳамкорӣ дар фазои ин Созмон ибрози қадрдонӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0