ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Бар тибқи созишномаи мазкур, Чин ба Тоҷикистон беш аз 350 миллион доллар кумаки бебозгашт ироа мекунад.
"Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбе созишнома дар бораи кумаки бебозгашти Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 2,5 миллиард юан (тақрибан 354 миллион доллар) тасвиб намуданд", - изҳор дошт сухангӯи палатаи поёнӣ Муҳаммадато Султонов.
Ба гуфтаи Султонов, маблағи ироанамудаи Чин барои бозсозии роҳҳои Кӯлоб, Бохтар ва ҳамчунин таъмири масири Душанбе-Қулма масраф мешавад.
Зимнан, Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни муаррифии созишнома дар парлумон гуфт, "бо мақсади рушд ва густариши ҳамкориҳо, ин созишномаро 15-уми июни соли 2019 дар ҷараёни сафари президенти Чин ба Тоҷикистон, аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ба имзо расонида буд".
Қарзи берунии Тоҷикистон аз 50 дарсади ММД зиёд шудааст
Қаблан хабар дода шуд, ки ширкати чинӣ азми сохтани 9 пул дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дорад.
Ин лоиҳа мебоист дар қаламрави ноҳияҳои Ванҷу Рушон давоми 18 моҳ амалӣ шаванд.