ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории "Parstoday”, Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон дар дидори Ҳу Чунҳуа, муовини нахуствазири Чин дар Пекин эълон намудааст, ки, Душанбе барои тавсеаи равобит бо Чин аҳамияти зиёде қоил буда ва омодаи тақвияти равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба бо ин кишвар аст.
Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин
Муовини нахуствазири Чин ҳам дар ин дидор гуфт, Чин ва Тоҷикистон қасд доранд тавофуқоти муҳими ба дастомада дар дидори сарони 2 кишварро иҷро ва мубодилоти тиҷориро тақвият кунанд ва ҳамкорӣ дар чорчӯби тарҳи “Як камарбанд - як роҳ” - ро таъмиқ бибахшанд.
Яхмоси русиягӣ дар Тоҷикистон низ маҳбуб аст мисле, ки дар Чин
Дар солҳои ахир ҳузури Чин дар Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон ва Қирғизистон афзоиши зиёде ёфта ва бештарин қарзи хориҷии ин ду кишвар марбут ба Пекин аст.