ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Артиши Покистон шомгоҳи сешанбе дар баёнияе эълом кард, нерӯҳои амниятии Афғонитсон бо мусаллалҳои сангин аз минтақаи Норӣ дар вилояти Кунар теъдоде ғайринизомии рустонишинро ҳадаф қарор доданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday” дар истинод ба ИРНО.
Бино бар иттилои манбаъ, дар паи ин тирпаронӣ, нерӯҳои марзии Покистон иқдом ба ҳамалоти мутақобил карданд, ки ба гуфтаи артиши ин кишвар хасорати қобили таваҷҷуҳе ба пустҳои марзии Афғонистон ворид ва табодули оташ пас аз даргирӣ дар сатҳи низомӣ мутаваққиф шуд.
Дар эътироз ба ин ҳамалот Вазорати умури хориҷаи Покистон кордори Афғонистонро фарохонд.
Ихтилофҳои марзи миёни Покистонв а Афғонистон ҳарфи тозае нест, дар гузашта миёни ду икшвар сар зада буд.
Ёдовар мешавем, ки дар интихоботи Афғонистон 15 номзад рақобат карданд, вале номзадҳои аслӣ Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури феълӣ ва Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон буданд.
Ашраф Ғании 70-сола ва Абдуллоҳ Абдуллоҳи 59-сола ҳукумати ваҳдати миллиро раҳбарӣ мекунанд, ки тафриқаи зиёд дар он вуҷуд дорад. Ҳукумати ваҳдати миллӣ баъд аз интихоботи баҳсбарангез ва олуда ба тақаллуби соли 2014 бо дахолати Амрико ташкил шуд.