Нафарони наву куҳна дар раёсати КМИР: Раҳмон 7 нафарро пешниҳод кард

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookПрезидент Эмомали Рахмон на первой сессии новоизбранного парламента в 2015 году
Президент Эмомали Рахмон на первой сессии новоизбранного парламента в 2015 году - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 7 нафарро ба раёсат ва узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ пешниҳод намуд ва парлумон қабул кард

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи охир бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, Худоёрзода Бахтиёр Таварро ба мақоми раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дубора интихоб кард. Худоёрзода дар ин мақом аз соли 2016 фаъолият дорад.

Қуттии овоздиҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зиёда аз 94% аҳолии ҶТ ба ҷонибдории тағйиру иловаҳо овоз доданд

Раисиҷумҳур ба мақоми муовини раиси КМИР Қодирзода Абдуҷаббор Сафаралиро пешниҳод кард, ки парлумон онро низ қабул намуд.

Вакилони мардумӣ дар баробари раис ва муовин инчунин 5 узви КМИР-ро интихоб карданд. Бар асоси қонунгузории ҷадиди Тоҷикистон, аъзо ва роҳбарони КМИР бояд ғайриҳизбӣ, беғараз, бетараф ва мустақил бошанд.

Ба узвияти КМИР аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон, Самадзода Навруз Абдулҳамид, роҳбари Дастгоҳи КМИР, Хидирзода Махфират Умар, муовини раиси вилояти Хатлон, Салимӣ Носирҷон Юсуфзода, мудири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, Азизова Муистон Бердиевна, собиқ мудири мактаб ва мақомдори пешини ҲХДТ пешниҳод шудаанд.

Ҳабси пешакии Ҷалолиддин Маҳмудов тамдид шуд

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон Шодмонбеков Юсуфбек Рустамбекович, мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Донишгоҳи давлатии Хоруғро дигарбора ба узвияти КМИР пешниҳод карда, парлумон онро қабул намуд. Шодмонбеков аз оғози солҳои 2000-ум ба ҳайси узви КМИР фаъолият дорад.

Бозхонди узвияти Акбари Саттор ва 2 нафари дигар дар КМИР

Интихоби раёсат ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  дар ҳолест, ки тобистони соли равон бо вуруди тағйирот ба қонунгузории кишвар муқаррар гардид, ки аъзои КМИР бояд ғайриҳизбӣ бошанд.

Бар асоси тағйироти қабулшуда дар қонунгузории Тоҷикистон, аъзои Комиссияи марказии интихобот дар асоси касбӣ ва доимӣ фаъолият намуда, ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳо беғараз, бетараф, мустақил буда, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошанд.

Ҷаббор Ахмедов, вакили парлумон дар шарҳи тағйироти қабулшуда изҳор дошта буд, ки ин иловаҳо принсипи адолатнокиро дар низоми интихоботии мамлакат муқаррар намуда, бархӯрди манфиатҳоро аз байн мебарад.

Шермуҳамади Шоҳиён раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон шуд

“Ҷорӣ шудани меъёри он, ки аъзои комиссияҳо дар низоми интихоботии ҷумҳурӣ аз боло то поён набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунанд, супоришҳои онро иҷро намоянд ва дар тарғибу ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзанд, минбаъд баробарии воқеии иштироки ҳизбҳои сиёсиро дар ин маъракаҳо таъмин менамоянд”, - таъкид намуда буд Ахмедов.

Лентаи хабарҳо
0