ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Parstoday”, Қурбонгули Бердимуҳаммадов бо интиқод аз амалкарди муовини нахуствазири Туркманистон дар хусуси пешрафти ками тарҳи ТАПИ афзуд, масъулон аз аҳамияти ин тарҳ ғофил ҳастанд ва камкорию бетаваҷҷуҳӣ ин тарҳро бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст.
Муродгелди Мередов, муовини нахуствазир дар ин ҷаласа дар хусуси иҷрои тарҳи ТАПИ гузорише ироа кард.
Хатти лӯлаи гази ТАПИ (Туркманистон - Афғонистон - Покистон - Ҳинд), ки қарор аст, гази Туркманистонро ба Ҳинд транзит кунад, як ҳазору 814 километр тӯл дорад, ки 816 километри он аз хоки Афғонистон, аз вилоятҳои Ҳирот, Фароҳ, Ҳилманд ва Қандаҳор убур ва вориди устони Балучистони Покистон хоҳад шуд.
Бар асоси ҷадвали барномаи иҷро, ин тарҳ қарор аст, бо убур аз минтақаи Балучистони Покистон дар соли 2019 ба Ҳиндустон бирасад.
Бар асоси тарҳи аввалия, ин хатти лӯла зарфияти таҳвили 90 миллион метри муккааб дар рӯз газ ё 30 миллиард метри муккааб дар солро дорад.
Хатти лӯлаи ТАПИ аз майдони газии Давлатободи Туркманистон оғоз мешавад ва баробар бо бузургроҳи Ҳирот ба Қандаҳор хоҳад расид ва пас аз он дар Покистон, аз шаҳри Квета ба Мултани Ҳинд имтидод меёбад.