ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Русия омодааст ба лоиҳаҳои CASA-1000 ва ТАПИ ҳамроҳ шавад, эълон кард Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия.
“Ширкатҳои мо дар марҳилаҳои аввали лоиҳаҳои CASA-1000 ва ТАПИ, ки аз лиҳози энергетикӣ ҷолиб аст, омодагии худро барои пайвастан ба лоиаҳои мазкур эълон доштанд. Онҳо гуфта буданд, ки дар сурати манфиатдории кишварҳои дахлдор омода ҳастанд ба ҳамин лоиаҳо ҳамроҳ шавад”, - гуфт Лавров.
Вазири хориҷаи Русия афзуд, ки то ҳол барои ҳамроҳ шудан ба лоиаҳои мазкур дархост пешниҳод нашудааст, аммо Русия омодааст шартҳои эҳтимолии ҳамкориро биомузад.
Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон Чингиз Айдарбеков эълон кард, ки ҷумҳурӣ барои ба даст овардани сармоягузориҳои Русия барои роҳандозии лоиаҳои энергетикӣ алоқамандӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаҳои CASA-1000 барои интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст ва сохтмонаш идома дорад.
Тахминан 70% интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистон ва 30% аз Қирғизистон дар назар аст. Мувофиқи созишномаи тарафайн дар чаҳорчубаи CASA-1000 ба Афғонистон ва Покистон то 5 миллиард кВт/с қувваи барқ интиқол меёбад.