Боздошти хонахари қаллоб: 71 ҳазор доллари сокини Зарнисорро гирифта, фиреб дод

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 65 - сола хабар медиҳад, ки дар фиреби як зокини 58 - солаи кӯчаи Зарнисор гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.  Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсия сокини кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансурро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.

Сомони и доллары, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 1 миллион сомониро гирифту намедиҳад: шикоятҳо аз сокини 43-солаи Ҳисор

Бар хабари манбаъ, номбурда  моҳи октябри соли 2013 бо масмлиҳати пешакӣ бо писараш, бо роҳи фиреб ба боварии сокини 58 - солаи кӯчаи Зарнисори пойтахт даромада, аз ӯ 71 ҳазору 125 доллар гирифтанд.

Фиребхӯрии сокини Душанбе: ҳам хонаро аз даст дод ва ҳам пули калонро

Бар ивази маблағи гирифтаашон ба ин зан ваъда додаанд, ки аз биноҳои баландошёнаи сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш, хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳанд, - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Гуфта мешавад, ваъдаи онҳо бардурӯғ буда, то ҳол ба ҷабридида на хонаи истиқоматӣ ва на маблағи аз ӯ гирифтаро додаанд.

Боздошти қаллобе, ки 59 200 доллари сокинони Ҳисорро гирифта барнагардонд

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии тоҷикистон парванди ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0