Беш аз 1 миллион сомониро гирифту намедиҳад: шикоятҳо аз сокини 43-солаи Ҳисор

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони и доллары, архивное фото
Сомони и доллары, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон пулгирии сокини 43-солаи шаҳри Ҳисор дар ҳаҷми махсусан калон бидуни баргардондани маблағ ба соҳибонро таҳқиқ мекунад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  ВУД бо нашри як иттилоия,  зери унвони “Ошкор шудани қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” хабар додаст, ки  алайҳи марди 43-сола аз шаҳри Ҳисор 2 нафар аризаи даъвогӣ пешниҳод кардаанд.

ДТП на федеральной трассе Кавказ в Чечне - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи пурқурбонӣ дар Данғара дар рӯзи якшанбе

Ба иттилои манбаъ, ба идораи милиса дар ноҳияи ноҳияи Сино марди 39-сола, сокини кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе муроҷиат карда, арз доштааст, ки моҳи майи соли 2018, марди 43-солаи сокини шаҳри Ҳисор аз ӯ 487 ҳазору 35 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

Муроҷиаткунанда таъкид намудааст, ки маблағро аз ӯ бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз бовариаш гирифтаанд.

ВУД афзуд, ки алайҳи сокини мазкури шаҳри Ҳисор инчунин марди 36-сола, сокини кӯчаи Фединаи пойтахт шикоят намудааст. Муроҷиаткунандаи дуюм изҳор доштааст, ки муттаҳам соли 2015, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 88 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Мақомот таъкид намуданд, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0