ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Қоимдодов зимни суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ зикр кард, ки ташкилоти Оқохон дар 30 давлати дунё фаъолият карда, дар Тоҷикистон аз 1992 то кунун кор мекунад. Ӯ таъкид намуд, ки кори Бунёди Оқохон феълан дар кишвар бар асоси созишнома бо Ҳукумат, ки 25 майи соли 1995 имзо гардид, роҳандозӣ мешавад.
Намояндаи доимии Бунёди Оқохон иттилоъ дод, ки феълан дар бахшҳои гуногуни ин ташкилот дар кишвар зиёда аз 3,5 ҳазор нафар кор мекунанд, ки бисёрашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ӯ таъкид намуд, ки ташкилот дар бахшҳои рушди иқтисод, маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, бартарафсозии офатҳои табиӣ, беҳтар намудани муҳити зист, эҳёи фарҳанг, энергетика, телекомуникатсия ва ҳамкории байнисарҳадӣ имрӯз кор бурда истодаанд.
“Стратегияи мо ин мусоидат ба Ҳукумати Тоҷикистон дар муқобила бо ҳама гуна зарбаҳои иқтисодии дохилӣ дар чаҳорчӯбаи қонунгузории мамлакат мебошад. Ҳадафи аслии мо ин эҷоди фазои ҳамкорӣ ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон мебошад”, - таъкид кард Қозидавлат Қоимдодов.
Ӯ гуфт, Бунёди Оқохон дар навоҳии гуногуни Хатлон, Суғд, Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, минтақаи Рашт ва ВМКБ фаъолият карда, саҳми худро барои рушди Тоҷикистон ва беҳтар кардани накуаҳволии мардуми кишвар равона месозад.