ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, садамаи пурқурбонӣ 27-уми октябр, тахминан соати 06:00 рух дод.
Манбаъ афзуд, ки Илҳом Мирзоев, ронандаи 61-солаи “ДЭУ-Ланос”, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсӯ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба “Лада-Приора”, таҳти идораи ронанда, Ҳакимзода Алишер Ҷамшед, зодаи соли 1996, сокини шаҳри Кӯлоб, бархӯрдааст.
ВУД таъкид намуд, ки дар пайи бархӯрд се мусофири “ДЭУ-Ланос” дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
“Мусофирони автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Ланос” - Раҷабов Тоҷиддин Гургакович, соли таваллудаш 1977, Гулов Анваршо Сайдоншоевич, соли таваллудаш 1981, сокинони шаҳри Норак ва Мирзоев Вайсиддин Назарович, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ афзуд, ронандаи “ДЭУ-Ланос”, Мирзоев, ки сокини шаҳри Ваҳдат мебошад, бо як мусофири дигари ин мошин – Алишер Ҳакимов, мутаваллиди соли 1995, сокини шаҳри Кӯлоб, дар беморхона бистарӣ гардиданд. ВУД илова намуд, ки Ҳакимзода, ронандаи “Лада-Приора”, низ ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ мебошад.