Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар пойтахти кишвар то 26 дараҷа гарм хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бино бар иттилои Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст.  Ҳаво шабона 3+5 ва  рӯзона  24+26  дараҷа гарм мешавад.

ТЭЦ “Душанбе-2”. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сар аз моҳи октябр хонаҳои сокинони Душанбе бо гармӣ таъмин мешаванд

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбандаву бебориш  мешавад. Ҳаво дар водиҳо  шабона 2+7  ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  ва рӯзона 16+21 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 8+13 дараҷа  хунук ва рӯзона 0+5  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 23+28  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона  19+24 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0