ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Маркази барқу гармирасонии "Душанбе-2" тасмим гирифтаст, ки сар аз моҳи октябр ба таъмини хонаҳои сокинони пойтахт бо гармӣ оғоз кунад, хабар медиҳад агентии Авеста.
Бар хабари манбаъ, феълан дар маркази барқу гармидиҳӣ тамоми корҳои профилактикӣ анҷом ёфта, аз моҳи оянда манзилҳои истиқоматии сокинони шаҳр бо гармӣ таъмин мешаванд.
Тибқи ҷадвали банақшагирифташуда, маркази барқу гармидиҳӣ дар моҳи октябр, вақте дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво майл ба хунукшавӣ мениҳад, ба кор андохта мешавад.
Гуфта мешавад, Маркази барқу гармирасонии "Душанбе-2" имсол боз чанд хонаҳои ноҳияҳои нави пойтахтро бо гармӣ таъмин мекунад.
Зимнан, мувофиқи маълумоти ширкати "Барқи Тоҷик", дар фасли зимистон дар Тоҷикистон ҳамарӯза то 60 миллион кВт / соат нерӯи барқ тавлид мешавад, ки аз 12 то 15 дарсади он аз ҷониби маркази барқу гармирасонии "Душанбе - 2" истеҳсол мешавад.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқии "Душанбе-2" аз ҷониби ширкати чинии ТВЕА амалӣ шуда, иқтидори умумии ин марказ 400 МВт неруи барқ гуфта мешавад.