Маҳви 60 ҷанганда дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

© AP / Massoud HossainiСпецназ МВД Афганистана. Архивное фото
Спецназ МВД Афганистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти амниятии Афғонистон тавонистанд имрӯз вулусволии Дарқадро комилан аз ҳузури ҷангҷӯён пок созанд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Амалиёти низомие, ки давоми як ҳафта дар манотиқҳои ҳаммарзи Тоҷикистон идома дорад, имрӯз ба поксозии як вулусволӣ аз тобеияти ҷангиён анҷомид, хабар медиҳад сомонаи Интерфакс аз қавли котиботи мақомоти амниятии ин кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар Отряди сарҳадии Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Террористон марзи Тоҷикистонро меомӯзанд: ҳушдори КДАМ ва пешниҳоди Раҳмон

Бар хабари манбаъ, низомиёни Афғонистон тавонистанд ҳудуди 60 ҷангҷӯйро маҳв кунанд.

"Пас аз як ҳафтаи амалиёти низомӣ, вулусволии Дарқад аз тобеияти ҷангиён озод карда шуд. Феълан амнияти ин минтақаро мақомоти афғон ба дасти худ гирифтаанд ва наздики 60 ҷангҷӯйро нобуд карданд", - омадааст дар хабари манбаъ.

Коршинос: дар марзи Тоҷикистон 8 ҳазор толибон ва ҷангиёни "Давлати исломӣ" ҷамъ шудааст

Маврид ба зикр аст, ки вулусволии Дарқад ҳанӯз аз моҳи октябри соли 2015 пурра зери ишғоли ҷангандагон қарор дошт ва сар аз ҳамон сол то ба ин сӯ, мақомоти Афғонистон чандин бораҳо кӯшиши пок намудани хоки ин манотиқ аз ҳузури ҷангиён намуда буданд, вале муваффақ нашуданд.

Акнун вулусволии Дарқад таҳти назорати мақомоти амнияти Афғонистон қарор дорад ва сокинони он ба ҳаёти осоишта баргаштанд.

КДАМ аз ноамн шудани вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳушдор медиҳад

Қаблан хабар дода мешуд, ки ҷангиёни ҳаракати Толибон чандин манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро таҳти тасарруфи худ қарор доданд.

Лентаи хабарҳо
0